Таътили зимистонаи толибилмони макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон як моҳ давом мекунад.
Тавре аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, таътил 1-уми январ оғоз гардида, 31-уми январ таҳсил оғоз меёбад. «Матни қарор дар ин бораи омода гардида, вале ҳанӯз аз ҷониби вазири маориф Нуриддин Саидов ба имзо нарасидааст», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло ба таътили баҳорӣ баромадани толибилмони макотиб маълум нест, зеро соли оянда таҷлили Иди Наврӯз дар Тоҷикистон муддати 5 рӯз идома меёбад. «Сарфи назар аз таъин шудан ё нашудани таътили баҳорӣ, толилмон дар иди Наврӯз истироҳат хоҳанд кард», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки иди Занги камолот чун анъана 25-уми май ҷашн гирифта хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки соли равон Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо назардошти супориши мақомоти шаҳрдории Душанбе ва сард омадани зимистони имсола таътили тирамоҳии толибилмони макотиби таҳсилоти умумиро бекор кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста