Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон бо лоиҳаи буҷети давлатии соли 2013-и вилоят шинос гардида, онро маъқул шумориданд.
Зимни шарҳи буҷети соли оянда ба вакилон сардори Сарраёсати молияи вилоят Сайвалӣ Сафаров изҳор намуд, ки лоиҳаи буҷет бо назардошти рушди иқтисодии вилоят ва афзоиши сарчашмаҳои андозбандӣ тарҳрезӣ шудааст. «Қисмати даромади буҷет дар ҳаҷми 483,3 млн. сомонӣ ва қисмати хароҷот ба маблағи умумии 863,1 млн.. сомонӣ пешбинӣ шудаанд», - гуфт вай.
Ба гуфтаи Сафаров, аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 375,2 млн. сомонӣ воситаҳои ҳадафнок ворид хоҳанд шуд. «Қисмати асосии буҷет ба бахши иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ равона мегардад», - иброз дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ буҷети соли 2013 ба маблағи 96 млн. сомонӣ ё худ 25% афзуда, хароҷот дар ҳаҷми 243 млн. сомонӣ ё худ 39% зиёд шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста