Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат силсилавохӯриҳои кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ бо аҳолии маҳаллӣ ба итмом мерасад.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти хадамоти мазкур, дар вохӯриҳо ба масъалаҳои касбомӯзӣ, сатҳи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, депортатсия(ихроҷкунӣ), одобу русум, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, сафари ноболигон ба Русия, баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони Тоҷикистон, шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо пеш аз сафар ба Русия, дурӣ ҷустан аз миёнаравон дар бозори меҳнат, аз ташхиси тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ва баъд аз он ва зери таъсири манфӣ карор нагирифтани ҷавонон ба ақидаҳои радикалӣ суҳбатҳои судманд барпо шуданд.
Зимнан зикр гардид, ки қаблан дар ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор ва шаҳри Турсунзода низ ба ин монанд вохӯриҳо баргузор гардида буданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста