Сарфи назар ҳанӯз аз санаи 22-юми декабр интишор гардидани хабар дар бораи супориши хадамоти алоқа ба ширкатҳои фароҳамсози интернет оид ба қатъи дастрасӣ ба 131 сомона, Хадамоти алоқа то ҳол ин масъаларо ба ҳеҷ гунае шарҳ доданӣ нест.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Асотсиатсияи ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон Асомиддин Атоев иттилоъ дод, дастури Хадамоти алоқа то ҳанӯз ба онҳо нарасида, онҳо низ дар бораи шарҳи сабабҳои қатъи дастрасӣ унвонии хадамот муроҷиат омода мекунанд. «Субҳи имрӯз ман бо муовини сардори Хадамоти алоқа дар тамос шуда, ӯ ба ман изҳор намуд, ки айни замон ба таҳияи мактуб бо супориши расмӣ дар ин хусус машғул аст», - гуфт вай.
Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз кӯшишҳои чандинкарата, тамос гирифтан бо сардори Хадамот Бег Зуҳуров муяссар нагардид. Дар қабулгоҳи сардори Хадамот иброз доштанд, ки айни замон ӯ дар шаҳр ҳузур надорад.
Муовини аввали сардори Хадамот Татяна Холмуродова дар суҳбати телефонӣ дар робита ба ин масъала изҳор намуд, ки ӯ «аз ҷараёни рӯйдоди мазкур огаҳӣ надорад». «Ман чунин дастурро надидаам ва ба ин масъала машғул нестам», - гуфт вай.
Ӯ рақами телефони муовини дигари сардори Хадамоти алоқа Рафиқҷон Шокировро пешниҳод намуд, вале шурӯъ аз субҳи имрӯз алоқа бо ӯ ғайриимкон аст.
Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи сипаришуда ВАО-и Русия иттилоъ доданд, ки шоми рӯзи ҷумъа Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба ширкатҳои фароҳамсози Интернет нома фиристода, дастур додааст, ки дастрасӣ ба 131 сомона қатъ карда шавад. Намояндаи яке аз ин ширкатҳо ба хабаргузории «Интерфакс» изҳор намудааст, ки рӯйхати сомонаҳо хеле бузург буда, сабаби қатъи дастрасӣ шарҳ дода намешавад.
Миёни ин торнамоҳо шабакаҳои иҷтимоии «Вконтакте», «Одноклассники», Twitter, topvideo.tj (ҳамсони тоҷикии YouTube) ва ҳамчунин портали mail.ru, ки аз он қариб тамоми кормандони мақомоти давлатӣ истифода мекунанд, мавҷуданд.
Қобили зикр аст, ки чанде аз ширкатҳои фароҳамсози интернет мувофиқи супориши Хадамоти алоқа аллакай дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили «Вконтакте», сомонаҳои torrents.tj ва topvideo.tj-р қатъ кардаанд.
Бино ба маълумоти расмӣ, аз аҳолии 8 млн. нафараи Тоҷикистон беш аз 2 млн. нафар аз шабакаи Интернет истифода мекунанд. Аксарият бештар корбарони шабакаҳои иҷтимоии Одноклассники, Twitter, «Вконтакте» ва Facebook мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста