Дар зарфи 11 моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар дар Тоҷикистон беш аз 32,7 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 33,3%-ро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, аз оғози сол ба Агентии мазкур зиёда аз 98,2 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки 59,1 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ҳудуди 39,4 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.
Ғайр аз ин, тавассути квотаи корӣ беш аз 2,3 ҳазор нафар шаҳрвандони осебпазир дар бозори меҳнат бо кор таъмин гардидаанд. «Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён ва ҳаҷми ночизи музди меҳнат вобаста аст», - зикр карданд дар Агентӣ.
Дар ҳамин ҳол, тӯли 11 моҳи соли равон зиёда аз 6,2 ҳазор нафар ба маблағи умумии беш аз 1,6 млн. сомонӣ барои бекорӣ кӯмакпулӣ гирифтаанд.
Ба санаи 1-уми декабри соли равон дар хадамоти Агентӣ 76 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва 54,6 ҳазор нафар расман бекор ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин давра зиёда аз 12,3 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ равона гардида, қариб 4,6 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда фиристода шудаанд.
Тибқи маълумоти Агентии мазкур, дар зарфи 11 соли ҷорӣ дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ҳудуди 127 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд. Моҳи ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 8,2 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста