Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ғолибони озмун барои дарёфти стипендияи президенти Тоҷикистонро эълон кард. Дар мактаби таҳсилоти умумии №56-и пойтахт маросими тантанавии супурдани дипломҳо доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати умури ҷавонони Кумита Носир Бӯриев хабар дод, соли равон 300 нафар толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ, гимназия, литсей, омӯзишгоҳ, техникум ва коллеҷҳои кишвар ғолибони озмун гардиданд.
«Раиси Кумита Маликшо Неъматов ба 30 нафар ғолибони озмун аз шаҳри Душанбе диплому стипендияҳоро супурд. Ба ҳар кадоме аз ғолибон барои чор моҳи таҳсили сипаришудаи соли равон дар ҳаҷми 1 ҳазору 260 сомонӣ стипендия дода шуд. Маблағи боқимонда барои панҷ моҳи таҳсили соли равон то ахири сол пардохта мешавад», - гуфт Бӯриев.
Ба қавли ӯ, 270 нафар ғолибони боқимондаи озмун дар саросари ҷумҳурӣ стипендияҳои худро аз шуъба ва бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру навоҳӣ дастрас мекунанд.
«Озмуни дарёфти стипендияи президентӣ ҳанӯз аввали соли ҷорӣ эълон гардида, ба он толибилмони пурра аълохоне соҳиб гардиданд, ки ба ҷуз таҳсили аълову ахлоқи намунавӣ, дар ҳаёти ҷамъиятии муассисаи таълимӣ саҳми босазо гузоштанд», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки соли 2005 ба хотири дастгирӣ ва ҳавасмандсозии толибилмони кишвар, бо фармони президенти ҷумҳурӣ барои толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ, гимназия, литсей, омӯзишгоҳ, техникум ва коллеҷҳо стипендияи президентӣ таъсис дода шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста