Дар шаҳри Исфара пахши барномаҳои шабакаи радиои нави мустақили иттилоотиву фароғатии «Радиои Исфара» оғоз гардид. Пахши барномаҳои радио дар мавҷи 105,2 FM танҳо барои сокинони шаҳри Исфара ва ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон пешкаш мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шабакаи радиои нав Саҳбон Қурбонов хабар дод, ба кор дар радио рӯзноманигорони маҳаллӣ аз ҳисоби кормандони шабакаи телевизионии «ТВ Исфара» ҷалб карда шудаанд.
«Радио муддати 16 соат дар як шабонарӯз фаъолият намуда, барномаҳои он аз хабарҳо дар бораи рӯйдодҳои дохиливу хориҷӣ ва барномаҳои фароғативу маърифатӣ иборатанд, ки сокинони шаҳр ҳам бевосита метавонанд дар он иштирок намоянд», - гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, шабакаи радиои нав бо дастгирии Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҶТ таъсис дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста