Бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо, Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар Тоҷикистон лоиҳаи «Кӯмаки машваратӣ барои дастгирии ислоҳоти системаи тандурустӣ дар Тоҷикистон»-ро оғоз намуд, ки барои пешбурди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.
Тавре аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур аз қабили дастгирии Намояндагии Иттиходи Аврупо дар Тоҷикистон буда, дар шакли кӯмаки машваратӣ ба соҳаи тандурустӣ барои таъмини босамари ислоҳоти соҳаи тандурустӣ равона шудааст, ки аз тарафи Ҳукумат ба нақша гирифта шуда буд.
Мақсади асосии лоиҳа ин беҳтаркунии ҳолати солимии аҳолӣ бо назардошти аҳамияти махсус ба гурӯҳҳои хусусан озордидаи аҳолӣ аз ҳисоби пурзӯргардонии иқтидори институтсионии Вазорати тандурустӣ мебошад, аз он ҷумла барои расонидани хизмати тиббӣ бо назардошти таваҷҷӯҳи махсус ба ёрии аввалияи санитарии тиббӣ.
Дар доираи амалигардонидани лоиҳа, Вазорати тандурустии ҶТ, ТУТ ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо аз аввал ба мувофиқа омаданд, ки фаъолиятро ба пурзӯр гардонидани хизматрасонии аввалияи санитарии тиббӣ ва беҳтар гардонии модулҳои маблағгузории соҳаи тандурустӣ равона созанд.
Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат аст, ки онон қарор доданд тадриҷан дониш, захира, ва такдири хешро пайванданд. Ҳамроҳ таи 50 соли васеъшавӣ онҳо минтақаи устувор, демократӣ ва рушти бардавомро бунъёд намуда, ҳамзамон гуногунияти фархангӣ, арзи таҳаммул ва кафолати озодии шахсиро нигоҳ доштанд. Иттиҳоди Аврупо омода аст муваффақиятҳо ва арзишҳояшро бо мамолик ва қавмиятҳои бидуни сарҳадоти хеш бо ҳам бубинад. Аз ин лиҳоз, Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб фаъолият бурда, ҳамасола барои рушти мамлакат ба маблағи тақрибан 25 млн. евро кӯмак фароҳам менамояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста