Ғолиби «Муҳорибаи экстрасенсҳо», сокини шаҳри Қайроққум Турсуной Зокирова маблағи чор ҷарроҳии дил барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоатро пардохт намуд.
Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Далил Тошматов ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки маблағи ҳар кадоме аз ин чор ҷарроҳӣ 4 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Ҷарроҳиҳо дар Маркази кардиохирургии вилоят гузаронида шуда, шурӯъ аз оғози фаъолияти марказ дар моҳи январи соли 20111 то имрӯз дар инҷо 315 ҷарроҳиҳои дил анҷом дода шуданд», - гуфт вай.
Ӯ хотиррасон намуд, ки роҳбарии марказро номзади улуми тиббӣ Ҳотам Маҳмудов бар дӯш дошта, доктори улуми тиббӣ Обид Деҳқонов мудири яке аз шуъбаҳои он аст. Обид Деҳқонов муддати 17 сол ба сифати мудири шуъбаи бемориҳои дили Пажуҳишгоҳи ба номи Бакулеви шаҳри Маскав ифои вазифа намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста