Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси шабакаи телевизионӣ алҳол наметавонад иҷозатнома бидиҳад, зеро ҳизб то ҳанӯз тамоми ҳуҷҷатиҳои заруриро пешниҳод накардааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раҳбари Кумита Асадулло Раҳмонов хабар дод.
Ба гуфтаи вай, кумита пас аз гирифтани ариза ба раҳбарияти ҲНИТ номаи ҷавобӣ бо рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани иҷозатномаро фиристода, аммо то ҳанӯз ба он посух нагирифтааст.
Асадулло Раҳмонов хотиррасон намуд, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, барои таъсиси шабакаи телевизионӣ дар баробари ариза, инчунин аснод дар бораи заминаи моддиву техникӣ, маълумот дар бораи шакли фаъолият, сарчашмаи молиявӣ ва ғайраро низ мебояд пешниҳод намуд.
Ёдрас мекунем, ки миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта ҲНИТ нияти таъсиси шабакаи телевизионии ҳизбро изҳор намуда буд.
Имрӯз раҳбари дастгохи иҷроияи ҳизб Воҳидхон Қосиддин дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки феълан ҳизб ҳуҷҷатҳои заруриро омода месозад. «Эҳтимол дафтари шабакаи нави телевизионӣ дар бинои ҲНИТ чойгир шуда, ба кори он рӯзноманигорони ватанӣ ҷалб мешаванд. Самтҳои асосии кори шабакаи телевизионӣ шарҳу инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа хоҳад буд», - гуфт номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста