Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия барои ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани муҳоҷире, ки ба ҳолати мушкил афтодааст, чораҳо меандешад.
Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират, дар беморхонаи шаҳри Волжски вилояти Волгогради Русия марди 45-50 солае бистарӣ аст, ки шояд бемори сактаи қалб ё майнаи сараш зарб хӯрдааст, зеро қисман фалаҷ буда, бо душворӣ ҳарф мезанад.
«Мувофиқи суханонаш, ӯ зодаи Исфара ё Хуҷанд буда, вале суроғаи мушаххасеро гуфта наметавонад ва бо худ ҳуҷҷат ҳам надорад. Аснои суҳбат бо намояндаи Хадамоти муҳоҷират маълум шуд, ки ӯ дар корхонаи соҳибкори инфиродӣ дар бахши кишоварзӣ фаъолият доштааст», - зикр мегардад дар иттилои ХМ.
Ба қавли роҳбари шуъбаи нейрохирургии беморхонаи мазкур Станислав Журбенко, алҳол вазъи саломатии бемор беҳтар буда, ба ватан фиристодани ӯ имконпазир аст.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон аз ҷониби кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани шахсият ва ба ватан фиристодани ӯ чораҳо андешида мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста