Соли гузашта дар вилояти Суғд 137 нафар мубталоёни бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва Аломати пазируфтаи норасоии масуният (АПНМ) (ВИЧ/СИД) ба қайд гирифта шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати тандурустии вилоят хабар доданд, аз ин шумор 92 нафарашонро мардон, 45 нафарашонро занон ва 8 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд. «Соли 2011 дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 213 нафар мубталоёни ин беморӣ сабт шуда буданд», - гуфтанд дар раёсат.
Ба иттилои манбаъ, аксарияти онҳо - 63 нафар бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, 38 нафар тавассути сӯзандору, 4 нафар аз модар ба кӯдак ва 32 нафар тариқи воситаҳои номаълум ба беморӣ сироят шудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки шурӯъ аз оғози ошкор шудани беморӣ дар соли 2001 имрӯз дар минтақаи шимоли кишвар дар маҷмӯъ 908 нафар мубталоёни ин беморӣ расман сабт гардида, мардон – 653, занон – 255 ва ноболиғон – 8 нафарро ташкил медиҳанд. «Аз ин шумор 211 нафар фавтида, 48 нафар беморон зиндонианд ва 62 нафари онҳо узви як оила мебошанд», - афзуд сарчашмаи хабар.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста