Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе пас аз таваққуфи чандсоата барои парвозҳо иҷозат дод.
Тавре сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, шурӯъ аз соати 11:30-и имрӯз ба хатсайрҳое, ки бинобар сабаби боридани барфи баланд парвозашон ба таъхир уфтода буд, ба парвозҳо омодагӣ гирифта шуда, дар хатсайри Душанбе–Москва бақайдгирии мусофирон анҷом ёфт.
«Баландии барфи борида дар хати нишасту парвоз 4 см ро ташкил кард. Хадамоти марбута пас аз каме паст шудани шиддати барфборӣ ба кор шурӯъ карданд ва дар ин соат хати нишасту парвоз, роҳравҳои зимомӣ ва тавақуфгоҳҳо аз барф тоза шуда, имкони қабул ва парвози ҳавопаймоҳо муяссар гардид», - гуфт ӯ.
Ба қавли вай, алъон ҳавопаймои хатсайри Москва–Душанбе, ки аз фурудгоҳи Внуково парвоз кард дар фурудгоҳи Самарқанд нишаста, хатсайрҳои Қазон-Душанбе, Екатеринбург-Душанбе, Москва-Душанбе дар фурудгоҳи Хуҷанд интизори парвозанд.
Ин соате, ки хабар омода мешавад, парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Душанбе ба ҳамаи хатсайрҳо иҷозат дода шуда, қабули ҳавопаймоҳо пас аз чанде шурӯъ хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста