Геологи тоҷик, академики Академияи улуми Тоҷикистон Рауф Баротов дар синни 92-солагӣ аз олам даргузашт.
Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи геологияи Академияи улуми ҶТ маросими видоъ бо Рауф Баротов доир мегардад. Ӯ дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда мешавад.
Рауф Баротов яке аз ташкилотчиёни фаъоли илми геология ва тадқиқотчии намоёни соҳаи магматизми Осиёи Марказӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1968) мебошад.
Мавсуф 10- октябри соли 1921 дар деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд ёфтааст.
Фаъолияти меҳнатии ӯ аз соли 1937, пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории Конибодом, ки онро дар синни 17- солагиаш хатм намудааст, оғоз ёфтааст. Дар ин макони илм олими оянда аз донишманди маъруфи номдори кишвар - академик Ниёзмуҳаммадов ва омӯзгорони шинохта Абдураҳмонов, Маннонов, Ҳусейнзода, Муҳаммадҷонов, Исмоилов, Додоҷонов, Ҳомидов ва дигарон таълим гирифтааст.
Соли 1945 факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Осиёи Марказиро хатм кардааст. Соли 1949 рисолаеро таҳти роҳбарии профессор В.И. Попов дар бораи боигариҳои зеризаминӣ – форматсияҳои интрузивии ҳавзаи дарёи Варзоб навишта, пешкаши аҳли илм менамояд, ки он дар роҳи минбаъда ва ҷустҷӯҳои олими ҷавон такони калоне мегардад.
Баъди хатми аспирантура Р.Б.Баротов ба Институти геологияи Филилаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода мешавад. Дар ин муассисаи илмӣ то соли 1950 ба ҳайси ходими калони илмӣ кор карда, сипас мудири Бахши петрография ва канданиҳои фоиданок таъин мешавад. Моҳи апрели соли 1953 аъзо - корреспонденти Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб мегардад. Соли 1959 иҷрои вазифаи академик - котиби Шӯъбаи илмҳои физикаю математика ва геологияю химияи Академияи фанҳо ба ӯҳдааш гузошта шуда, ба ин муносибат аъзои президиуми Акадимияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад.
Бештар аз 120 кори илмиаш рӯи чоп омадааст. Олими мавсуф узви кумитаи миллии геологҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва якқатор Шӯроҳои илмии ҷумҳурӣ, раиси комиссияи петрографияи Тоҷикистон ва Шӯъбаи Тоҷикистонии ҷамъияти минерологҳо, Ходими Хизматнишондодаи илм мебошад. Соли 1970 ӯ бо унвони Лауреати Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалїӣ ибни Сино мушарраф гардидааст. Олими шинохта бо 2 ордени «Нишони Фахрӣ» ва якчанд медалҳои ҳукуматӣ мукофонида шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста