Дар Маркази миллии тиббӣ бо иштироки муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Соҳибназар Раҳмонов маросими ифтитоҳи шӯъбаи нави эндоурологӣ баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати тандрустии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин шӯъба бо дастрасии таҷҳизати наву замонавӣ, ки истеҳсоли Олмон аст, бо роҳи пӯшида ҷарроҳиҳои мухталиф аз ҷониби мутахассисони тоҷик роҳандозӣ хоҳад шуд.
«Дар ин шӯъба гирифторони бемориҳои аденомаи ғадуди простата, сангҳои найчадон, омосҳои роҳҳои пешобгузар ва дигар бемориҳои сангҳои гурда ва роҳҳои пешоб дар кӯтоҳтарин муддат ҷарроҳӣ карда хоҳанд шуд», - омадааст дар иттили вазорат.
Ба иттилои манбаъ, қаблан агар гирифторони чунин бемориҳо бо роҳи кушода ҷарроҳӣ карда шуда, то 15 рӯз бистарӣ мешуданд, имрӯз онҳо бо роҳи пӯшида, яъне эндовидеоҷарроҳӣ дар муддати кӯтоҳ, 2-3 рӯз бистарӣ гардида табобат меёбанд.
Зимнан зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон барои дастрасии таҷҳизоти пешқадами муосир ва таъмири ҳуҷраи ҷарроҳӣ маблағи беш аз 720 ҳазор сомонӣ сарф шуда, ҳамчунин дар шӯъбаи қабули Маркази миллии тиббӣ толори ҷарроҳӣ ба кор шурӯъ кард. Ин толор бо масрафи 165 ҳазор сомонӣ таъмир ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста