Чанде қабл дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Раёсаи Шӯрои кории Созмони ҳамкории Шанхай раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо мақомоти раҳбарии Палатаи савдои Чин оид ба тандурустӣ ва ҳамчунин як ширкати Чин оид ба коркарди рустаниҳои доруворӣ гуфтушунид анҷом дод.
Тавре аз маркази матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, дар мулоқот масоили густариши ҳамкориҳо дар бахши тандурустӣ, ҷалби сармоя ба ин бахш тавассути таъсиси корхонаҳои муштарак, дастрас намудани технологияи муосир оид ба коркарди рустаниҳои доруворӣ баррасӣ шуданд.
«Шариф Саид ба ҳамсуҳбатон роҷеъ ба шароити истеҳсол ва коркарди рустаниҳои доруворӣ дар Тоҷикистон, бахшҳои афзалиятноки иқтисоди ҷумҳурӣ, муҳити сармоягузорӣ ва имтиёзот дар кишвар маълумоти муфассал дод», - гуфтанд дар ПСС ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, намояндагони Палатаи савдои Чин оид ба тандурустӣ ва ҳамчунин ширкати Чин оид ба коркарди растаниҳои доруворӣ ба роҳандозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар бораи ба Тоҷикистон ташриф овардани онҳо ҷиҳати гуфтушуниди ҳамаҷониба тавофуқ ҳосил шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста