Имрӯз дар Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологияи Тоҷикистон аз ҷониби нахустин зани бо роҳи сунъӣ ҳомиладоршуда дугоникҳо ба дунё оварда мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Фотима Ғоибова хабар дод, айни замон омодагӣ ба ҷарроҳии берун овардани тифлакон (кесарево сечение) ҷараён дошта, ҷарроҳӣ аз ҷониби директори Пажуҳишгоҳ Шамсиддин Қурбонов ва мутаххасисони варзидаи ин муассисаи тиббӣ анҷом дода мешавад.
Ба гуфтаи вай, бо роҳи сунъӣ бордор кардани ин зан дар маркази тиббии «Насл» сурат гирифтаааст. «Маркази мазкур соли сипаришуда дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд», - гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки дар Тоҷикистон танҳо бо иштирок ва розигии ҳамсарон амали бордоркунии сунъӣ анҷом дода мешавад. «Ғайр аз зани зикршуда, боз як зани дигар низ бо роҳи бордоркунии сунъӣ дугоник таваллуд хоҳад кард», - афзуд Ф.Ғоибова.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста