Дар маркази маъмурии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон – шаҳраки Мӯъминобод соҳибони ду мағозаи хусусӣ баҳри табдили мағозаҳои худ ба гунаи масҷид кӯшиш ба харҷ додаанд.
Мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки аз ин кӯшишҳо ҷилавгирӣ шудааст.
«Соҳиби мағозаи воқеъ дар кӯчаи Турсунзода як даромадгоҳи алоҳидае кушода, ошёнаи дуюми мағозаро ба макони адои намози ҷамоат табдил додааст ва боз як чунин ҷой дар мағозаи кӯчаи С.Назаров фаъолият мекардааст», - гуфт вай.
Ба қавли Абдулҳамидов, соҳибони мағозаҳо барои анҷом додани чунин амал иҷозати расмӣ надошта, гузашта аз ин, ин макон ба меъёрҳои баргузории чунин маросими динӣ мутобиқат надоштааст.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар шаҳраки Мӯъминобод, ки дорои 13 ҳазор нафар аҳолӣ аст, 4 масҷид, аз ҷумла як масҷиди ҷомеъ ва дар ноҳияи мазкур дар маҷмӯъ 51 масҷид бо шумули 4 масҷиди ҷомеъ фаъолият дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста