Нахустин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба ҳамаи онҳое, ки пас аз даргузашти ҳамсараш ӯро дастгирӣ намуданду ҳамдардӣ карданд, изҳори миннатдорӣ намуд.
«Дӯстони гиромӣ! Дар ин рӯзҳои душвор барои ман суханони зиёди ҳамдардии самимона изҳор шуд. Ин ҳамдардиро афроди кайҳо ба ман шиносу шахсоне изҳор намуданд, ки ман бо онҳо ҳатто боре ҳам вонахӯрдаам. Талафоти бузурги маро ҳам шаҳрвандони қаториву ҳам Президент ва ҳам Раисони ҳарду палатаи парлумон ҳамроҳ қабул карданд. Ман хеле мутаассир буда, аз самими қалб ба ҳамаи Шумо миннатдорӣ изҳор мекунам», - гуфта мешавад дар номаи ба идораи ОИ «Азия-Плюс» ирсолнамудаи Қ.Маҳкамов.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9-уми январи соли равон ҳамсари Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин Президенти Тоҷикистон Гавҳар Маҳкамова дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт. Г.Маҳкамова дар яке аз оромгоҳҳои Душанбе ба хок супурда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста