Соли сипаришуда бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар дар Тоҷикистон беш аз 35,3 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 33,6%-ро ташкил медиҳад.
Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» бо истинод ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ зикр мегардад, ки соли 2012 ба Агентии мазкур зиёда аз 105 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки беш аз 63,5 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ҳудуди 43 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.
Ғайр аз ин, тавассути квотаи корӣ беш аз 2,7 ҳазор нафар шаҳрвандони осебпазир дар бозори меҳнат бо кор таъмин гардидаанд. «Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён ва ҳаҷми ночизи музди меҳнат вобаста аст», - гуфта мешавад дар гузориш.
Дар ҳамин ҳол, соли гузашта зиёда аз 8,1 ҳазор нафар ба маблағи умумии беш аз 2 млн. сомонӣ барои бекорӣ кӯмакпулӣ гирифтаанд.
Ба санаи 1-уми январи соли равон дар хадамоти Агентии шуғли аҳолӣ ҳудуди 74 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва 52,3 ҳазор нафар ҳамчун шаҳрвандони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин давра наздики 13 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ ва қариб 5,3 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда равона гардида, ба ҳудуди 3,7 ҳазор нафар ҷиҳати роҳандозии фаъолияти соҳибкории хусусӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст.
Гуфта мешавад, давоми соли сипаригардида дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 132,2 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста