Маркази исломии Тоҷикистон ба мақомоти раҳбарии расонаҳои хабарӣ ва кормандони Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ тавсия дод, ки аз содир намудани фатво тариқи матбуот худдорӣ варзанд.
Дар муроҷиатномаи пахшшудаи Маркази мазкур дар ин робита зикр мегардад, ки ҳалли масъалаҳои шаръӣ масъулияти Шӯрои уламои Маркази исломӣ мебошад ва ҳар фарди мусалмон ва ҳар сокини Тоҷикистон метавонанд озодона ба ин Марказ муроҷиат карда, эҳтиёҷоти маънавӣ ва масоили ҳалталаби мазҳабияшонро бароварда созанд.
«Дар Тоҷикистон Маркази исломӣ амал карда, Донишгоҳи исломии кишвар мутахассисони соҳаи динро омода мекунад ва аз ин рӯ, барои аз ҷониби шахсони алоҳида содир шудани фатво зарурате боқӣ намемонад. Ҳамчунин дар Оинномаи Маркази исломӣ гуфта мешавад, танҳо Шӯрои уламо ҳуқуқи додани фатвоҳои шаръиро дорад, ки риояи онҳо барои тамоми мусалмонони Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад», - зикр мегардад дар муроҷиатнома.
Дар идома баён мегардад, ки давлатӣ демократӣ барои ибрози озодонаи андеша ба ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ фароҳам овардааст, аммо ҳар гуна озодӣ меъёру ҳадду ҳудуди муайян дорад ва набояд дар он зиёдаравӣ кард ё аз озодии афкор суистифода намуд.
«Тасаввур кардан мушкил аст, ки агар ҳар гурӯҳе мувофиқ ба табъу завқ ва манофеи гурӯҳи хеш ин ё он масоили мазҳабиро шарҳ дода, ҳукм содир кунад, он гоҳ бо ҷомеаи муслимин дар маҷмӯъ чи ҳаводисе рух хоҳад дод?», - омадааст дар муроҷиатнома.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста