Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Раҳматҷон Бобокалонов ба сифати роҳбари ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ чанде қабл дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи навбатии ситодро баргузор кард.
Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки дар ҷаласа бобати то 26-уми январ ба анҷом расонидани тамоми корҳои омодагӣ тасмим гирифта шуда, дар ҷамоатҳои Зиракӣ ва Даҳана тайёр кардани макони будубош барои 50 нафар хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода зарур аст.
«Ҳамчунин дар мавриди ҷалби техникаи зарурӣ, аз ҷумла техникаи хусусӣ бо пардохти маблағи истифода ва сафарбар намудани аҳолӣ ба ҳашари маъмулӣ ҷиҳати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ супоришҳои мушаххас дода шуд», - гуфт ӯ.
Ба қавли Ҳасанов, даҳаи дуюми моҳи феврал дар яке аз сойҳои аз нигоҳи селфароӣ пурхатари минтақаи ҷанубӣ кишвар – сойи Зиракӣ (ҷамоати ноҳияи Кӯлоб) маъмурияти сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президент амалисозии барномаи соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи3 млн. сомониро оғоз мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста