Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки сафирони Ҷопон ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши ва Ивар Викки маросими ифтитоҳи Маркази занон доир гардид.
Зимни суханронӣ дар маросим сафири Ҷопон изҳор намуд, ки бо дархости ташкилоти ҷамъиятии «Наҷоти кӯдакон»-и шаҳри Кӯлоб ҳукумати Ҷопон дар ҳамдастӣ бо САҲА лоиҳаи мазкурро дастгирӣ намуда, баҳри амалисозии он беш аз 111 ҳазор доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ҷудо кард.
Бинои дуошёнаи Маркази нави занони шаҳри Кӯлоб ба занону кӯдакони мавриди хушунат қароргирифта макони зист муваққатӣ пешниҳод хоҳад кард. Ба қавли роҳбари ТҶ «Наҷоти кӯдакон»-и шаҳри Кӯлоб Қурбонгул Қосимова, дар марказ кӯмаки ҳуқуқиву тиббӣ ва равонӣ пешниҳод гардида, дар ин ҷо ҳамчунин баҳри ноил гардидани занон ба мустақилияти иқтисодӣ, курсҳои омӯзиши касбҳои гуногун амал хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки дар чаҳорчӯби кӯмаки ройгон ба лоиҳаҳои амнияти гуманитарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 22 млн. доллари ИМА 290 лоиҳаҳоро амалӣ намудааст, ки дар доираи он 87 мактаб ва 58 марказу бунгоҳҳои тиббӣ бунёд карда шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста