Зимни нишасти хабарӣ раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев изҳор кард, ки низоми гармидиҳии шаҳр дар ҳоли беҳад хароб қарор дошта, ҳоло боз муддати 10 соли дигар ҳам аз дубора мавриди истифода қарор доданаш умедвор шудан ба гумон аст.
Ба қавли вай, ҳукумати шаҳр барои сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ имкон надорад. «Низоми гармидиҳии шаҳри Қӯрғонтеппа солҳои тӯлонӣ кор намекард ва аз ин рӯ, тамоми қубурҳо занг зада, ба онҳо об равона кардан ғайриимкон аст», - гуфт ӯ.
Раиси шаҳр изҳори умедворӣ намуд, ки бо бекор шудани лимити барқ дар кишвар, мушкилоти таъминоти сокинони маркази маъмурии вилояти Хатлон бо гармиву оби гарм ҳал мешавад.
«Мушкили дигари барқарор намудани низоми гармидиҳии шаҳр дар он аст, ки конҳои ангишт аз шаҳри Қӯрғонтеппа хеле дур ҷойгир шудаанд ва кашонидани он тавассути нақлиёт хеле гарон меафтад. Бинобар ин, мо алҳол роҳи мушаххаси ҳалли ин масъаларо надорем», - афзуд номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста