Соли гузашта дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ба маблағи 72 млн. 101,8 ҳазор сомонӣ маҳсулоти ниёзи ҳамарӯзаи мардум истеҳсол шуд.
Раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев зимни нишасти матуботӣ изҳор намуд, ки рушди истеҳсолоти корхонаҳои хурд натиҷаи хуб дода, ҳаҷми умумии маҳсулоти тавлидшуда аз нақшаҳои пешбинишудаи солона хеле зиёдтар аст.
«Аз ҷумла, дар корхонаҳои хурд ҳудуди 18 ҳазор тонна орд, 175 тонна равғани рустанӣ, наздики 12 ҳазор тонна намаки ошӣ, 937,7 тонна нону маҳсулоти нонӣ, 43 тонна маснӯоти қаннодӣ, 270 ҳазор декалитр шарбати ангур, ҳудуди 10 ҳазор декалитр оби ҷав (пиво), наздики 2 млн. дона хишт истеҳсол гардид», - гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин афзуд, дар ин давра дар корхонаҳои бузурги коркарди пахтаи ноҳия 4283 тонна нахи пахта коркард гардида, 7104 тонна чигит ва 4236 тонна кунҷора тайёр карда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста