Зимни нишасти хабарӣ мудири бахши ташхиси лингвистии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ Муҳаммад Муродов дар робита ба гузаштан аз имлои кириллӣ ба ҳуруфи форсӣ ё худ арабиасос изҳор намуд, ки ин амр дер ё зуд ногузир хоҳад буд.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ гуфт, бо хати кириллӣ ифода намудани тамоми нозукиҳои забони тоҷикӣ ғайриимкон буда, аз ин рӯ, солҳост, ки оид ба дурустии имло баҳсҳо идома дошта, ҳатто якчанд маротиба ба имлои забони тоҷикӣ тағйирот ворид шуд.
Ба қавли вай, гузаштан ба ҳуруфи форсӣ ҳатмӣ аст, вале он танҳо тавассути афзоиши соатҳои дарсии омӯзиши алифбои ниёгон дар макотиби таҳсилоти умумиву олӣ имконпазир мебошад. «Соатҳои дарсии омӯзиши хати арабӣ тадриҷан бояд аз соатҳои дарсии омӯзиши забони модарӣ бо хати кириллӣ зиёд шаванд ва дар ин сурат, гузаштан ба хати арабӣ осонтар шуда, он ҳатто ба таври автоматӣ ҷараён мегирад», - шарҳ дод Муродов.
Ба андешаи ӯ, дар сурати акс аксари кулли асарҳои классикони адабиёти форсу тоҷик барои мардуми одӣ нофаҳмо ва масъалаи имло абадан ҳалношуда боқӣ хоҳанд монд.
Дар ҳамин ҳол, чанде қабл зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон барои гузаштан ба дигар хат ҳеҷ зарурате нест.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста