Қисмати асосии сокинони Тоҷикистон ба соли фарорасида хушбинона назар андохта, онро барои худ муваффақ арзёбӣ мекунанд.
Бино ба натоиҷи як назарсанҷии Маркази таҳқиқоти иҷтимоии «Зеркало», аз 910 нафари мавриди пурсиш қароргирифта, 63% соли фарорасидаро муваффақ ва ҳамагӣ 2% онро мушкил арзёбӣ намуда, 29%-и пурсидашудагон ба ҷавоби ин савол мушкилӣ кашидаанд.
Дар мавриди посух ба савол дар бораи нақшаҳо дар соли 2013 чунин посухҳо бештар писандида будаанд: издивоҷ (тӯйи арӯсиву кӯдакон), сохтмони ё харидани манзили зист. Мардон бештар сохтмони хонаву харидани автомашина ва сафар ба Русия баҳри кор ва занон тӯйу таъмири хона, омодагии кӯдакон ба таҳсил, харидории мебел ва асбобу лавозимоти маиширо муҳим донистаанд. Ҳамагӣ 1%-и пурсидашудагон истироҳат дар хориҷи кишварро ба нақша гирифтаанд.
Дар арзёбии соли сипаришуда 68%-и пурсидашудагон онро соли муваффақ, 23% - соли муқаррарӣ ва 7% - соли душвору нохуб унвон кардаанд.
Зимни суҳбати телефонӣ аз пурсидашудагон номбар кардани рӯйдоди муҳимтарини сол барои Тоҷикистон дар соли 2012-ро дархост намудаанд. Таҷлили 20-умин солгарди истиқлоли давлатӣ, ифтитоҳи нақби Шаҳристон ва 16-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон аз ҷумлаи посухҳои бештар писандида дар мавриди ин суол будаанд.
Қисмати начандон зиёди пурсидашудагон (2%) овозаҳои ба охир расидани ҳаёт дар рӯи Замин ва 1%-и онҳо таҷлил аз Соли нав, медоли Мавзуна Чориева дар Олимпиада ва сӯхтор дар бозори «Корвон»-ро аз рӯйдодҳои муҳими соли 2012 донистаанд. Дар ҳамин ҳол, 71%-и пурсидашудагон аз посух ба ин савол душворӣ кашидаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста