Зимни маърӯза дар Ҳамоиши ҷаҳонии иқтисодии Давос директори генералии Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) Гай Райдер изҳор дошт, ки вазъи душвор дар бозори меҳнат ба муддати тӯлонитар идома ёфтани буҳрон далолат мекунад.
Райдер зарурати андешидани чораҳои таъҷилӣ оид ба пешгирии буҳрони шуғлро таъкид дошта, огоҳ намуд, ки рушди воқеъии иқтисод бидуни таъсиси ҷойҳои нави корӣ ғайриимкон аст.
Зимни посух ба савол дар бораи робитаи мутақобилаи шуғл ва рушди иқтисодӣ ӯ зикр кард, ки ин мантиқи одиро мақомоти марбута нодида гирифта, бо буҳрони иқтисодӣ дар Аврупо тавассути тадбирҳои масрафсозии шадид муборизаро оғоз карданд.
«Агар ба ин нукта се ё чаҳор сол пештар гӯш медоданд, баъзе падидаҳои буҳрони марбут ба шуғлро пешгирӣ кардан имконпазир буд, зеро яке аз мушкилоти асосӣ маҳз дар ҳамин масъала ифода меёфт », - иброз доштааст вай.
Ба гуфтаи вай, соли 2012 дар саросари ҷаҳон сафи бекорон зиёда аз 4 млн. нафар афзуда, тибқи пешгӯиҳо, соли 2013 шумори онҳо ба беш аз 5 млн. нафари дигар зиёд мешавад ва охири буҳрон ҳоло маълум нест.
Қаблан Райдер изҳор дошта буд, ки «ба хулосаҳои шитобкорона оид ба итмоми буҳрон набояд роҳ дод». «Барои касоне, ки дар навбати кор истодаанд, буҳрон давом дорад ва ин навбат торафт дарозтар мешавад», - гуфта буд ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста