Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон то 38,3% коҳиш ёфт.
Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки давлат баҳри аз байн бурдани мафҳуми «қишри камбизоати аҳолӣ» ва пайдо шудани ҳарчи бештар қишри аҳолии дорои даромади миёна тадбирҳо хоҳад андешид.
«Мо бояд муайян созем, ки қишри миёна чӣ гуна аст. Дар Қазоқистон шахси дорои маълумот, манзил, автомашина, суратҳисоби депозитӣ дар бонк ва имкони сафар ба хориҷа як маротиба дар як сол барои истироҳатро ба синфи миёна шомил месозанд, вале дар Тоҷикистон то ҳанӯз ин нишондиҳанда мушаххас нест», - гуфт вай.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар сол то сол коҳиш меёбад: соли 2008 ин нишондиҳанда – 50%, соли 2009 – 46,7%, соли 2010 – 45%, соли 2011 – 41% ва соли 2012 – 38,3%-ро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи вазир, дар натиҷаи амалисозии ду барномаи стратегии давлатӣ оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ, дар кишвар коҳиши усутвори сатҳи камбизоатӣ ба мушоҳида мерасад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста