Пас аз вохӯрӣ бо намояндагони ҳукумати шаҳри Чкаловск соҳибкорони эътирозгари бозори «Сомон» на он қадр қаноатманд берун шуданд.
Дар вохӯрие, ки дар бинои ҳукумати шаҳри Чкаловск муддати 3 соат тӯл кашид, муовини раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Чкаловск, сардори нозироти андози шаҳри Чкаловск, роҳбари Кумитаи кор бо занони вилоят ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзиданд. Журналистонро ба вохӯрӣ роҳ надоданд.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» яке аз соҳибкорони бозор изҳор намуд, ки аз натиҷаҳои вохӯрӣ қаноатманд нест, зеро масъала якҷониба баррасӣ шуда, меъёри моҳонаи андози муқарраршуда на 253 сомонӣ чун пештара, балки 363 сомонӣ боқӣ монд.
Соҳибкори дигар илова намуд, ки шароити номусоиди зиндагӣ савдогаронро ба гирдиҳамоӣ маҷбур кард, зеро ҳангоми боло бурдани меъёри андоз имконоти мардум ба инобат гирифта нашуданд.
Аммо муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Норинов бар ин назар аст, ки норозигии соҳибкорон аслан ба аз хубӣ огоҳ набудани соҳибкорон аз меъёрҳои нави андоз ба вуҷуд омадааст.
Сардори идораи нозироти андози шаҳри Чкаловск Неъматулло Боронов изҳор дошт, ки ба ҳозирин бори дигар муқаррароти Кодекси нави андоз шарҳ дода шуда, онҳо ба иҷрои талаботи он розӣ шуданд, зеро қонун барои ҳама як хел аст.
Ёдрас мекунем, ки 4-уми феврали соли равон дар робита ба болоравии меъёри пардохти моҳонаи андоз ҳудуди 800 нафар соҳибкорони бозори «Сомон», воқеъ дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Ғафуров даст ба тазоҳурот заданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста