Бо ташаббуси СММ дар Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷаҳон пас аз соли 2015» як силсила машваратҳои миллӣ оғоз мегардад.
Чунин машваратҳо беш аз 100 кишвари саросари ҷаҳонро фаро гирифта, як назарсанҷии глобалӣ маҳсуб меёбанд, ки дар ҷараёни он СММ вохӯриву чорабиниҳои дигар доир намуда, муайян кардани самти бештар муҳим барои беҳбуди вазъ дар ҷаҳонро дархост мекунад.
Зимни нишасти матбуотӣ ҳамоҳангсози СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар ҶТ Александр Зуев дар ин робита изҳор намуд, ки машваратҳои мазкур имконоти нодирест барои огоҳ шудан аз андешаи мардум, вазифаҳои афзалиятноки кишвар ва ҷомеаҳо.
«Дар машваратҳо ҷавонон, намояндагони аққалиятҳои миллӣ, кормандони давлатӣ, вакилони парлумон, нафақахӯрону соҳибкорон ва намояндагони қишрҳои гуногуни Тоҷикистон ширкат варзида, натиҷаҳои машварату назарсанҷиҳо зимни таҳияи масоили нави рушди глобалӣ ба маълумоти сарони кишварҳо расонида мешаванд», - гуфт вай.
Дар нишасти хабарии мазкур зикр гардид, ки дар чаҳорчӯби чорабинии мазкур дар тамоми манотиқи Тоҷикистон 10 машварати мавзӯӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин барои муайян кардани самтҳои афзалиятноки пурсамар барои рушди Тоҷикистон дар сафҳаҳои порталҳои интернетӣ низоми овоздиҳӣ боз мегардад. Назарсанҷӣ таҳти унвони «Тоҷикистоне, ки мо орзуяш дорем» баргузор мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста