Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch роҷеъ ба вазъи ногувори муҳоҷирони корӣ дар иншооти сохтмонии олимпии шаҳри Сочи маълумот дод.
Дар гузориши созмон таҳти унвони «Рекордҳои баръакси олимпӣ: истисмори муҳоҷирони корӣ дар ҷараёни омодагӣ ба Олимпиадаи зимистонаи Сочи-2014» зикр мегардад, ки дар ин иншоот муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон, Арманистону Сербия ва Украина мавриди фиребу истисмор қарор мегиранд.
Бо такя ба гувоҳии 66 нафар коргарон аз иншооти муҳими Олимпиада, муаллифи гузориш қайд кардааст, ки ба коргарон музди меҳнаташон пардохт нагардида, онҳоро бидуни рӯзи истироҳат то 12 соат дар як шабонарӯз ба кор кардан маҷбур месозанд. «Ғайр аз ин, шиносномаву иҷозатномаҳо барои кори онҳоро гирифта, корфармоён одамонро дар «шароитҳои истисморӣ» нигоҳ медоранд», - иброз доштааст вай.
Таҳқиқоти HRW оид ба вазъи муҳоҷирони корӣ дар иншооти сохтмонии Олимпиадаи Сочи-2014 соли 2009 оғоз ва моҳи декабри соли 2012 ба итмом расид. «Дар як қатор ҳолатҳо корфармоён бо мақсади ситонидани қасос аз коргарони хориҷие, ки ба қонуншиканиҳо эътироз оварда буданд, онҳоро ба дасти ҳукуматдорон супоридаанд, ки ба хориҷ карданашон аз қаламрави Русия боис шудааст», - гуфта мешавад дар гузориш.
Бино ба маълумоти расмии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, соли гузашта ҳудуди 878 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору муҳоҷират дар хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд. Аммо тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон дар қаламрави Русия беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста