Бахшида ба ҳаштумин барномаи мактаби забономӯзии Вазорати Мудофиаи Британия, сафири Британия дар Тоҷикистон ҷаноби Робин Орд-Смит дирӯз донишҷӯёни мактаби мазкурро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз сафорати Британияи Кабир дар ҶТ хабар доданд, ин барнома яке аз ҷузъи ӯҳдадориҳои Ҳукумати Британия барои таъмин намудани амният ва субот дар Афғонистон мебошад ки Тоҷикистон барои амали кардани он нақши муҳимро мебозад. Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати Мудофиаи Тоҷикистон, Донишкадаи Низомии ш. Душанбе, хабарнигорони маҳаллӣ ва кормандони Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ва оилиҳои гурезаи Афғон ҳузур доштанд.
Ҷаноби Робин Орд-Смит дар кушодашавии чорабинӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки ин яке аз ҷузъҳои муҳими барномаи дуҷонибаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бритиния мебошад. «Ин курсҳои омӯзиши забон ба донишҷӯён имкон медиҳад то онҳо худро дар фазои ором ки ҷуғрофан ба Афғонистон наздик аст, забон ва урфу одати маҳаллиро биомӯзанд. Ҳамаи донишҷӯёни забономӯз дар ояндаи наздик ба Афғонистон вуруд мешаванд ва дар рафти адо намудани хизмати ҳарбии худ дар Афғонистон забони омӯхтаашонро истифода мебаранд», - иброз дошт ӯ.
Қобили зикр аст, ки мактаби забономӯзии Вазорати Дифои Британия ба донишҷӯёни низомӣ забонҳои гуногун ва инчуни форсӣ ва пуштуро меомӯзонад. Донишҷӯёни интихобшада ба мӯҳлати 3 ё 4 ҳафта ба Тоҷикистон меоянд. Ҳангоми будан дар Тоҷикистон, онҳо дар Донишкадаи Низомии ш. Душанбе ва дар мактаби Афғонӣ таҳсил мекунанд ва бо тоҷикон ва афғониҳо ҳамроҳ барои такмил додани забон ва фаҳмиши урфу одат кор мебаранд. Ин барнома ба донишҷӯён имкон медиҳад ки онҳо забони омӯхтаистодаашонро равон ҳарф зананд ва инчунин урфу одати маҳаллиро хуб биомӯзанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста