Ба унвони роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Асрор Одинаев аз мақомоти раҳбарии хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и вилояти Волгоград ҷиҳати ниёз доштан ба кормандони бахши кишоварзӣ дархости расмӣ расидааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии ХМ ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, хоҷагии деҳқонии вилояти Волгоград ҷиҳати мусоидат ба сафарбар намудани як гурӯҳ коргарон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба сифати механизаторон ва коргарони ёрирасон дархост намуда, пардохти маблағи сафар ба Русия ва таъмини коргарон бо манзили зисту маводи ғизоиро кафолат додааст.
«Ба намояндагӣ аз вилояти Тамбов ва як қатор ширкатҳои сохтмонии шаҳри Маскав низ ба ин монанд дархостҳо ворид гардида, шурӯъ аз оғози сол бошад, аз субъектҳои хоҷагидории Русия ҷиҳати ниёз доштан ба ҳазорон нафар коргарони касбҳои гуногун дархостномаҳо расидаанд», - зикр кард манбаъ.
Ба қавли Аҳмадов, шаҳрвандоне , ки хоҳиши дар Русия кор карданро доранд, барои дастрас кардани маълумоти муфассал дар ин хусус, метавонанд ба Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ муроҷиат намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста