Дар Тоҷикистон то ҳанӯз дастур барои имомхатибон таҳти унвони «52 маъвизаҳои намози ҷумъа» ба чоп нарасидааст.
Кумитаи умури дини қаблан масъул ба нашри ин дастур акнун ба Маркази исломии Тоҷикистон ишора мекунад. Дар бораи нашри ин дастур раиси Кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқов ҳанӯз аввали соли 2010 сухан гуфта буд.
Дар Кумитаи умури дин изҳор намуданд, ки дар дастур 52 мавзӯи ҳатмӣ барои маъвизаҳои намози ҷумъа – яктогӣ барои ҳар ҳафтаи сол дарҷ хоҳанд шуд ва имомхатибони масҷидҳо набояд аз мавзӯъҳои пешниҳодшуда саркашӣ кунанд.
Тавре ба IslamNews сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи умури дин Солеҳҷон Завқиев хабар дод, айни замон дастури мазкур дар шуъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон мавриди таҳия қарор дорад ва худи онҳо онро ба имомхатибон тақсим хоҳанд кард. «Масъули нашри дастур Маркази исломӣ аст, зеро маҳз дар ҳамон ҷо фатвоҳо содир мешаванд ва дар сурати аз ҷониби аъзои Шӯрои уламо тасдиқ шудани дастур, он ба ташхис дар Кумитаи умури дин ниёзе нахоҳад дошт», - иброз дошт вай.
Дар Маркази исломии Тоҷикистон дар ин робита изҳор карданд, ки дар шуъбаи фатво то ҳол ба таҳияи ин дастур машғуланд, вале муҳлати анҷоми он ҳанӯз маълум нест.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста