Дар толори бузурги Консерваторияи миллии Тоҷикистон аз ҷашнвораи мусиқӣ бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ таҳти унвони «Васфи Ватан» натиҷагирӣ шуд. Чорабинӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон созмон дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Маркази таблиғот ва таҳлили КИМ ҲХДТ Адҳам Мирсаидов хабар дод, ҷашнвора аввали моҳи феврал оғоз гардида, дар он донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ, Донишкадаи ҳунар, коллеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов ва сарбозони гарнизони ҳарбии дДшанбе ширкат варзиданд.
«Муовини аввали раиси ҲХДТ Сафар Сафаров ба иштирокчиёни фаъоли ин чорабинӣ диплом ва туҳфаҳои хотиравии ҳизбро тақдим намуд», - зикр кард Мирсаидов.
Ба қавли ӯ, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта беш аз 3 ҳазор нафар фаъолони ҷавони ҲХДТ дар шанбегиҳои доиргардида дар боғҳои истироҳату фароғати пойтахт ва ҳамчунин Боғи Ғалабаи шахри Хуҷанд иштирок карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста