Бори нахуст дар корхонаи муштараки тоҷикиву эронии мурғпарварии «Як арча»-и ноҳияи Мӯъминобод аз воридоти тухм аз Эрон даст кашида, тухми истеҳсоли дохили кишвар ба инкубатсия хобонида шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Мӯъминобод Пирмад Зарифов иттилоъ дод, ба туфайли роҳандозии ҳамкории судманд бо корхонаи ҳамсони «Сомон фуд»-и шаҳри Ваҳдат муяссар шудааст, ки ба онҷо барои бозистеҳсол 9 ҳазор мокиён супурда шуда, акнун бозпас 45 ҳазор дона тухм гирифтаанд.
«Ин имкон медиҳад, ки арзиши аслии маҳсулот кам карда шавад, зеро воситаҳои асосии корхона барои харид ва ҳамлу нақли тухм тавассути нақлиёти автомобиливу ҳавоӣ аз Эрон масраф мешуданд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки айни замон барои фурӯш дар бозорҳои маҳаллӣ 50 тонна гӯшти парҳезӣ тайёр карда мешавад.
Ба гуфтаи номбурда, соли гузашта корхона барои фурӯш ба аҳолӣ 85 тонна гӯшти мурғ пешкаш намуда, соли равон ин нишондиҳандаро ба таври қобили мулоҳиза афзуданианд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста