Таҳти сарварии вазири маълумоти олии Афғонистон Убайдуллои Убайд як ҳайати ин кишвар ба Тоҷикистон ташриф овард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Вазорати маорифи ҶТ Фарида Гадоева иттилоъ дод, сафари мазкур ҳанӯз ахири соли гузашта пешбинӣ гардида, баррасии муносибатҳои дуҷониба ва роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи маориф аз ҷумлаи ҳадафҳои он аст.
«Ҳайат аз 6 нафар иборат буда, дар он намояндаи Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Вазорати маълумоти олии Афғонистон Хушҳол Тасаллӣ ва ректори Донишгоҳи тиббии ин кишвар Шириноқо Зариф ҳузур доранд», - иброз дошт вай.
Ба қавли ӯ, имрӯз вохӯрии вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов ва вазири маълумоти олии Афғонистон Убайдуллои Убайд доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он ду Ёддошти ҳамкорӣ дар бахши маориф миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳирот ва ҳамчунин миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ ва Донишгоҳи Парвон ба имзо мерасанд.
«Имрӯз ҳамчунин вохӯрии ҳайати кишвари ҳамсоя бо ректорони макотиби олии Тоҷикистон дар назар буда, дар он аслан сари таҳсили донишҷӯёни Афғонистон дар ин муассисаҳои таълимӣ сухан хоҳад рафт. Ғайр аз ин, нимаи дуюми рӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон У.Убайд бо донишҷӯёни афғони муқими Тоҷикистон мулоқот хоҳад орост», - гуфт Гадоева.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола Вазорати маорифи Тоҷикистон барои шаҳрвандони Афғонистон 50 адад квотаи таҳсил дар макотиби олии ҷумҳурӣ ҷудо мекунад. Айни замон дар макотиби олии Тоҷикистон беш аз 260 нафар донишҷӯёни афғон таҳсили илм мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста