Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба волидони Сумайя – шаҳрванди хаштмиллионаи Тоҷикистон, ки 5-уми феврал дар таваллудхонаи раками 3-и пойтахт ба дунё омад , дар кӯчаи ба номи Федини пойтахт хонаи дуҳуҷрадор туҳфа кард.
Тавре Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси пойтахт иттилоъ дод, майдони умумии манзили истиқоматии мазкур 60,2 метри мураббаъ буда, он дар ошёнаи якуми бинои баландошёнаи маҳаллаи 83-юми пойтахт воқеъ аст.
«Илова бар ин, раиси шаҳр супориш дод, ки ба номи шаҳрванди ҳаштмиллионаи ҷумҳурӣ дар «Амонатбонк» суратҳисоб кушода шуда, ба сифати кӯмаки якдавраина 8 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронида шавад», - иброз дошт вай.
Ба қавли номбурда, Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин ба Раёсати тандурустии пойтахт супориш додааст, ки барои назорати вазъи саломатии шаҳрванди ҳаштмиллионуми ҷумҳурӣ табиби доимӣ муайян намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста