Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таълими исломӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» мизи гирд ҷараён дорад. Чорабинӣ аз ҷониби ОИ «Азия-Плюс» созмон дода шуда, дар ҷараёни он коршиносон ва намояндагони мақомоти марбутаи кишвар атрофи мушкилоти таълими динӣ дар Тоҷикистон табодули назар хоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Тоҷикистони таҳаммулпазир» бо иштироки коршиносони бахши дини ҷумҳурӣ, намояндагони Кумитаи умури дин, Академияи улум ва Маркази исломии Тоҷикистон оҷонсӣ дар мавзӯи «Ислом, ҷавонон ва таҳаммулпазирӣ» низ мизи гирд баргузор намуда буд.
Дар кори мизи гирди мазкур фақеҳону олимони диншиноси маъруф, омӯзгорони мадрасаҳо, рӯҳониён, намояндагони сохторҳои давлатии машғул ба умури таълиму дин ширкат меварзанд.
Зимни кори мизи гирд баррасии масоили сиёсати давлатӣ дар бахши таълими динӣ, омода сохтани кадрҳо барои мактабҳои динии кишвар, мувофиқати барномаҳои таълимӣ ва методикаи онҳо ба талаботи муосир, мушкилоти дастрасӣ ба таълими динӣ дар хориҷи кишвар ва дигар масоили рӯзмарраву муҳим дар назар аст.
Ҳамчунин маврид ба ёдоварист, ки аввали даҳаи сеюми моҳи феврали соли равон Медиа-гурӯҳи «Азия-Плюс», лоиҳаи IslamNews.tj ва Фонди ба номи Фридрих Эберт таҳти унвони «Рушди ислом дар Осиёи Марказӣ: тамоилҳои нав, мушкилот ва роҳу воситаҳои ҳалли он» конфронси байнулмилалӣ доир намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста