Ба наздикӣ дар назди Маркази гастроэнтерологии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нави ташхиси бемории сил ифтитоҳ мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории сил Фирӯз Давлатов хабар дод, барои сохтмон ва муҷаҳҳаз намудани озмоишгоҳ беш аз 15 млн. сомонӣ маблағ масраф гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан он якумин чунин озмоишгоҳи муосир дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ хоҳад буд, зеро дорои сатҳи сеюми бехатарии биологӣ буда, барои кор бо микроорганизмҳои гурӯҳи хавф таъин шудааст ва ба талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ комилан ҷавобгӯ мебошад.
«Ифтитоҳи озмоишгоҳи нав ба табибон барои бо сифати хубтар ошкор сохтан ва табобати бемории сил кӯмак расонида, ба фаъолияти марказ ва нуқтаҳои тиббии мавҷуда оид ба табобати тамоми навъҳои бемории сил тақвият хоҳад бахшид», - иброз дошт вай.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 5 ҳазор нафар беморони тоза ба бемории сил гирифторшуда ба қайд гирифта шудаанд, ки аксариятро шаҳрвандони синнусоли аз 30 то 50-сола ташкил медиҳанд.
Дар бунёди озмоишгоҳи мазкур ба Вазорати тандурустии ҶТ Фонди глобалӣ кӯмаки зиёди молӣ расонидааст. Маросими ифтитоҳи расмии озмоишгоҳ моҳи марти соли ҷорӣ баргузор мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста