Вазорати маорифи Тоҷикистон бо кишварҳои исломӣ ҷиҳати гирифтани маълумоти динӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳеҷ созишномае ба имзо нарасонидааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати рушди маълумоти байнулмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон Абдусаттор Одинаев хабар дод, Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимии кишварҳои исломӣ як қатор соззишномаҳо дорад, вале бо муассисаҳои таълими динӣ ягон созишнома набастааст.
«Мо бо донишгоҳҳое созишнома ба имзо мерасонем, ки бароямон кадрҳои ба онҳо ниёздоштаамонро тайёр кунанд. Ба кишварҳои исломӣ фиристодани донишҷӯён танҳо барои омӯхтани забон ҳеҷ зарурате надорад, зеро дар факултаи шарқшиносии ДМТ низ онҳо забонро омӯхта метавонанд», - қайд карда намояндаи вазорат.
Ба қавли вай, дар кишварҳои исломӣ аз қабили Эрону Миср ва Сурияву Арабистони Саъудӣ бисёр донишгоҳҳои пешрафтае мавҷуданд, ки метавон ба онҳо донишҷӯёни тоҷикро сафарбар намуд. «Айни замон тибқи квотаҳои ҷудошуда ба Тоҷикистон, дар кишварҳои исломӣ ҳудуди 600 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд», - иброз дошт вай.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки айни замон Тоҷикистон ба 280 ихтисос эҳтиёҷ дошта, Вазорати маориф танҳо аз рӯи ҳамин ихтисосҳо бо макотиби олии кишварҳои хориҷӣ шартномаҳо ба имзо мерасонад.
Қобили зикр аст, ки ба аввали соли 2011 дар макотиби олии динии хориҷи кишвар 2766 нафар тоҷикистониён таҳсил мекарданд. То имрӯз 2005 нафар донишҷӯён баргардонида шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста