Пахши барномаҳои шабакаи телевизионии «Пойтахт» шоми имрӯз дубора барқарор мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори шабака Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар ин робита изҳор намуд, аллакай аз Украина қисмҳои эҳтиётӣ барои ретраснлятор оварда шуда, интизорӣ меравад, ки соати 18:00 шабака фаъолияти худро барқарор хоҳад кард.
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 24-уми феврал пахши барномахои шабакаи телевизони «Пойтахт» қатъ гардида буд.
Аксарият қатъи пахши барномаҳои шабаакаи телевизиониро ба маъракаи интихоботи президентии тирамоҳи соли равон рабт доданд, вале А.Абдуқаҳҳор ин андешаҳоро рад кард.
«Мо шабакаи мухолифи давлат набуда, шабакаи давлатии телевизионӣ мебошем. Ресланятори мо воқеъан ҳам хеле кӯҳна аст. Ҳар кадоме аз шабакаҳо ретранслятори амалкунанда ва захиравӣ дорад, вале директори қаблӣ дар ин хусус бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, маълум шуд, ки пайдо шудани мушкилоти фаннӣ дар кори ин шабака бори аввал набудааст. Гузашта аз ин, ретрансляторҳои ба ин монанд дигар истеҳсол намешаванд ва мо аз украиниҳо дархост намудем, ки ба ин навъи таҷҳзоти мо қисмҳои эҳтиётӣ дарёфт кунанд, ки хушбахтона, онҳо дархости моро ба иҷро расониданд», - гуфт вай.
Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акаралӣ Сатторов низ бар ин назар аст, ки қатъи пахши барномахои шабакаи телевизионии «Пойтахт» ба ҳеҷ гунае ба маъракаи интихоботи президентӣ алоқамандие надорад. «Шабакаи телевизионии «Пойтахт» дар ҳаёти сиёсии кишвар таъсири зиёде надорад, ки ҳукуматдорони тоҷик ба қатъи фаъолияти он даст зананд», - мутмаин аст Сатторов.
Шабакаи телевизионии «Пойтахт» тобеъи мақомоти шаҳрдории Душанбе буда, тирамоҳи соли гузашта ба пахши шабонарӯзии барномаҳои худ оғоз намуд ва дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ба пахши моҳвораӣ гузаштанист.
Бино ба маълумоти мақомоти раҳбарии шабака, айни замон мавҷҳои шабакаи телевизионии «Пойтахт» шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказро фаро гирифта, ҳудуди 2 млн. нафар тамошобинони шабакаанд.
Қобили зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон чор шабакаи умумимиллӣ – «Шабакаи аввал», ТВ «Сафина», ТВ «Баҳористон» ва ТВ «Ҷаҳоннамо» амал мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста