Дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ барои кӯдакону наврасон толори нав ифтитоҳ гардид, ки дар он 3 ҳазор нусха китобҳо гирдоварӣ шудаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Китобхонаи миллӣ Фотима Яқубова хабар дод, толор ба ду қисм ҷудо шуда, як миқдори муайяни адабиёт барои кӯдакони синнусоли мактабӣ ва қисмати дигар ба кӯдакони синнусолӣ томактабӣ пешбинӣ шудааст.
«Дар шуъбаи барои кӯдакони синнусоли томактабӣ таъиншуда ҳамчунин бозиҳои рӯимизии инкишофӣ, китобҳои шавқовар бо забонҳои гуногун, аз ҷумла русиву англисӣ, олмониву фаронсавӣ ва дигар забонҳо мавҷуданд», - иброз дошт вай.
Қобили зикр аст, ки қаблан толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ба хотири боздид аз толорҳои компютерӣ ба Китобхонаи миллӣ мерафтанд. Акнун дар ин шуъба хоҳишмандон тамоми адабиёти зарурии ноширони ватанӣ ва хориҷиро дарёфт карда метавонанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста