Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, шурӯъ аз 10-уми март истеҳсоли қувваи барқ ва интиқоли гармӣ ба муштариён аз Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе боздошта шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, қарори мазкур дар робита ба муроҷиати ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба комилан бекор шудани лимити истифодаи барқ ва мусоид омадани обуҳаво дар моҳи март қабул шудааст.
«Мақомоти раҳбарии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе бояд ба корҳои омодасозии иншоот ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2013-2014 шурӯъ намоянд», - гуфтанд дар мақомоти шаҳрдорӣ.
Ёдрас мекунем, ки мавсими аз ин пешро Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 25-уми декабри соли гузашта оғоз карда буд. Маркази мазкур соли 1968 бо иқтидори 198 МВт ба истифода дода шуд. Дар марказ ба сифати сӯзишвории асосӣ – гази табиӣ ва сӯзишвории эҳтиётӣ – мазут истифода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста