Чанде қабл намояндагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ду интернати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон боздид намуда, ба бошандагони он туҳфаҳо тақдим намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи рушди иқтисод ва инноватсияи филиали ДТТ дар Кӯлоб Алмосшо Шоев хабар дод, аз ин ба баъд интернатҳои «Саричашма» ва «Арал»-и воқеъ дар ноҳияҳои Шӯрообод ва Восеъ таҳти сарпарастии донишгоҳ қарор хоҳанд гирифт.
Ба қавли ӯ, ба интернатҳо ба маблағи умумии 10 ҳазор сомонӣ бо маводи ғизоӣ кӯмак расонида шуд. «Филиали ДТТ дар Кӯлоб бевосита интернати «Арал» ва идораи асосии донишгоҳ дар Душанбе интернати «Саричашма»-ро ба сарпарастӣ мегиранд», - иброз дошт вай.
Номбурда ҳамчунин гуфт, минбаъд бо назардошти эҳтиёҷоти интернатҳо барномаи кӯмаки доимӣ ба онҳо таҳия хоҳад гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста