Муовини аввали раиси МН МО ҶТ Амиршо Миралиев бо муовини сардори Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх (КБСС) дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Каролине Доуиллез Садоуба, сардори дафтари намояндагии кумитаи мазкур дар Тоҷикистон хонум Северин Шаппаз ва котиби генералии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов бо хоҳиши онҳо мулоқот намуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқот Амиршо Миралиев изҳор кард, ки Тоҷикистон имрӯз бо бисёр кишварҳои тараққикардаи дунё ва созмонҳои байналмиллалӣ ҳамкориҳои хуб дошта, Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх яке аз чунин созмонҳои бонуфузест, ки солҳои тулонӣ дар Тоҷикистон фаъолият менамояд.
«Мардуми мо кӯмак ва дастгириҳои ин созмонро дар солҳои аввали соҳибистиқлолиятииТоҷикистон, ки барояшон хеле душвор буд ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Имруз ҳам КБСС дар ҳамбастагӣ бо Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз рӯи як қатор лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногун дар Тоҷикистон корҳои назаррасеро ба сомон расонидаанд, ки ин шоёни таҳсин аст», - иброз дошт ӯ.
Амиршо Миралиев ҳамчунин таъкид кард, ки имрӯз вақти он расидааст, ки Кумита имконият дорад намояндагиҳои худро дар дигар манотиқи Тоҷикистон баҳри густариши ҳамкориҳои судманд ифтитоҳ намояд. То кунун Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 65 бахшҳои шахрию ноҳиявӣ ва 4 бахшҳои вилоятиву минтақавии худро дар ҷумҳурӣ баҳри фаъолияти густурда ифтитоҳ намудааст.
Сардори Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Каролине Доуиллез Садоуба иброз дошт, ки Кумита бо ҳукумати Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатии ин кишвар дар самтҳои гуногун, аз ҷумла безарарсозии майдонҳои минакоришуда, беҳбуди вазъи зиндониён ҳамкориҳои хубро роҳандозӣ намуда, ният дорад, ки дар ин бахшҳо робитаҳои хешро боз ҳам тақвият бахшад.
Сардори КБСС дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ иброз намуд, ки «мо ният дорем, дар соли ҷорӣ дафтари намояндагии худро бо мақсади таҳким ёфтани робитаҳо дар шимолу ҷануби Тоҷикистон ифтитоҳ намоем».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста