Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарореро ба имзо расонид, ки мувофиқи он раисони ноҳияҳои пойтахт ва раҳбарони ташкилотҳои марбутаи шаҳрӣ ба оғози корҳои омодагӣ дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи беруназшаҳрии кӯдакон уҳдадор мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, мувофиқи супориши мазкур, то 15-уми май истироҳатгоҳҳои кӯдаконаи «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», ки дар тавозуни идораи маорифи шаҳри Душанбе қарор доранд, бояд барои қабули кӯдакон омода шаванд.
Ба қавли ӯ, лагерҳои мазкур дар ду баст дар маҷмӯъ метавонанд беш аз 1660 нафар толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва тарбиятгирандагони интернатҳои пойтахтро ба истироҳат фаро гиранд. «Дар 36 истироҳатгоҳ, ки дар мавсими таътили тобистона дар назди мактабҳои таҳсилоти умумӣ таъсис дода мешаванд, метавонанд наздики 4 ҳазор кӯдакон истироҳат кунанд», - афзуд номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста