Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии вилояти Челябински Русия Маркази фарҳангию миллии точикон «Сомониён» дар Хонаи Дӯстии миллатҳои шаҳри Челябинск ба муносибати ҷашни байналмиллалии Наврӯзи хуҷастапай чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, дар қисмати расмии чорабинӣ иштирокдоронро муовини губернатори вилояти Челябинск Игор Мурог, муовини вазири фарҳанги вилоят Наталия Диская, корманди Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҲҶТ дар ФР Шоҳназар Таваров, консули фахрии Тоҷикистон Парвиз Асоев ва роҳбарони диаспораҳои муқими вилоят табрик намуда, баргузории ҷашни Наврӯзро дар самти таҳкими дӯстии халқҳо ва равобити фарҳангии миёни қавму миллатҳо муҳим арзёбӣ карданд.
Таъкид шуд, ки Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату бахшояндагӣ ва некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд. Дар масири таърихи инсоният ва муборизаҳои тезутунди геополитикиву фарҳангӣ фақат арзишҳое қобилияти зиндамонӣ доранд, ки воқеан дорои ҷавҳари аслӣ буда, ваҳдати инсоният ва муҳити атрофро таъмин карда тавонанд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин намоиши дастовардҳои санъати мардумӣ, асбобҳои халқии тоҷикон, қирғизҳо, тоторҳо, бошқирҳо, озарҳо ӯзбекҳо ва дигар қавму миллатҳои маскуни вилоят баргузор шуд. Барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ ба ҳусни ҷашнвора шукӯҳи тоза бахшид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста