Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ масъалаи таъини ҳақмузд ба имомхатиони масоҷиди Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дорад.

Тавре ба islamnews.tj муовини раиси Кумита Мавлон Мухторов хабар дод,  ин масъала бо супориши сарвари давлат мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳукумат ташкилотҳои диниро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. «Ин дафъа сарвари давлат ба мо супориш дод, ки ба имомхатибон маош таъин намоем ва барои он аз буҷети давлатӣ маблағҳи зарурӣ ҷудо карда мешавад», - иброз дошт вай.

Айни замон маоши имомхатибон ва дигар хизматчиёни масоҷиди кишвар аз ҳисоби кӯмакҳои хайрияи ибодаткунандагон пардохта мешавад.

Ба қавли раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ, имомхатибон ҷиҳати ба фаъолияти дигар машғул шудан, аз ҷумла кор дар муассисаи давлатӣ ё соҳибкорӣ низ ҳуқуқ доранд, вале ҳодисаҳои ба фаъолияти дигар машғул будани имомхатибон дар кишвар хеле кам иттифоқ меафтад, зеро муллоҳо ба ҷуз имоматӣ дар намозҳо, аз маросимҳои дигари динӣ, аз қабили никоҳу ҷаноза ва ғайра низ даромад доранд.

Бобати дар як сол чӣ миқдор маблағ масраф кардани аҳолӣ дар ин маросимҳо маълумоти оморӣ мавҷуд нест.

Қаблан islamnews.tj бо такя ба муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода иттилоъ дода буд, ки сарфи назар аз пардохт шудани маоши имомхатибон аз ҳисоби кӯмакҳои хайрия, истифодаи тамоми қонунгузории меҳнат ва андоз дар фаъолияти Маркази исломӣ ва масҷидҳо низ мавриди амал қарор дошта, ҳарчанд масҷидҳо имконоти зиёд надошта бошанд ҳам, онҳо тамоми андоз ва маблағҳои хизматгузории коммуналиро пардохт мекунанд.  

С.Абдуқодирзода мегӯяд, ҳақмузди кормандони Маркази исломӣ низ ба маблағҳои хайрия вобаста аст. Ба гуфтаи вай, қисмате аз заминҳои Маркази исломӣ ба Донишкадаи исломӣ ва мағозаҳои фурӯши адабиёти динӣ ба иҷора дода шудаанд, ки ин ҳам воситаҳои иловагӣ барои таъмини фаъолияти Марказ ва пардохти маоши кормандони он аст.

Раиси Шӯрои уламои кишвар ҳамчунин изҳор кард, ки кормандони марказ аз маоши таъиншуда, ки ба ҳисоби миёна 500-600 сомониро ташкил медиҳад, шикоят надоранд.

Қобили зикр аст, ки имомхатибон низ чун дигар кормандони муассисаҳои давлатӣ аз ҳуқуқи дастрасӣ ба рухсатии меҳнатӣ бархӯрдоранд, вале рухсатиҳои меҳнатии имомхатибон аксаран бидуни пардохти маблағ сурат мегирад.